Хабарҳо
Дарси омўзишӣ дар мавзўи «Қонунгузории зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Амонатбонк
Санаи 5 сентябри соли 2023 дар бинои дастгоҳи марказии Бонк аз ҷониби ҳуқуқшиноси асосии дастгоҳи Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Юсупов Б.Г бо иштироки шахсони мутасаддии филиалҳои Амонатбонк дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дарси омўзишӣ дар мавзўи «Қонунгузории зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд.
Кормандони филиали №42 минтақаи Бохтари КВД БА ҶТ «Амонатбонк » соҳиби бинои хуштарҳу замонавӣ шуданд.
Дар рӯзи гиромидошт аз Истиқлоли давлатӣ дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бинои филиали рақами 42- юми КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки роҳбарият, ҳайати кормандон ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Тамошои намоишномаи театрӣ аз ҷониби кормандони Амонатбонк
Театр воқеан мактаби бузург аст ва ҳар як намоиши он китоби зиндаву гӯё, андарзу сабақи рӯзгор мебошад, ки тамошобинонро ба сӯи некиву ҳақиқат, садоқату муҳаббат, инсондӯстиву ватанхоҳӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ ҳидоят намуда, дар тарбияи маънавӣ, сиёсӣ ва эстетикии ҳар фард нақши калон дорад.
Дар ВМКБ оид ба “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷаласа баргузор гардид.
Вобаста ба шарҳу тавзеҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, таҳти №222 “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз ҷониби ҳуқуқшиноси асосии дастгоҳи Раиси Раёсати “Амонатбонк” Юсупов Б.Г., бо кормандони филиалҳои КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар ВМКБ вохурӣ гузаронида шуд.